Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Лисссабон аз 1 декабр қонунӣ хоҳад шуд


Созиши Лиссабон дар бораи ислоҳоти сохтории Иттиҳодияи Аврупо метавонад аз 1 декабри соли равон ба ҳукми қонун ворид шавад. Дар ин бора имрӯз Фредрик Рейнфелът, сарвазири Шветсия, раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо хабар дод. Раванди тасвиди Созиши Лиссабон рӯзи 3 ноябр, баъди зери он имзо гузаштани раиси ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус, поён ёфт. Ҷумҳурии Чех охирин кишвари узви Иттиҳодия буд, ки аз тасвиби ин санад худдорӣ мекард. Аз ин пеш ҳадс зада мешуд, ки Созиши Лиссабон шояд аз 1 январи соли оянда татбиқ шавад.
Сарвазири Шветсия гуфт, ки рӯзҳои наздик кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо машваратҳо дар бораи номзадҳо ба ду мақоми нав – раисиҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупоро шурӯъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG