Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел: Олмон ҳампаймони боэътимоди ИМА боқӣ мемонад


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, имрӯз дар Вошингтон бо раисиҷумҳури ИМА Барак Обама музокирот анҷом дод. Ба гуфтаи хонум Меркел, “Олмон ҳампаймони нерӯманд ва боэътимоди Амрико дар Аврупо боқӣ хоҳад монд”. Дар ин мулоқот садри аъзами Олмон ба мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон низ дахл намуд ва изҳор кард, ки ба Теҳрон набояд имкони дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дод.
Барак Обама аз ширкати Олмон дар амалиёти НАТО дар Афғонистон ситоиш кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки "мо ба таҷлил аз 20 солагии фурӯ рехтани девори Берлин ва муттаҳид шудани Олмон омодагӣ мегирем. Ин барои садри аъзам Меркел лаҳзаи муҳими зиндагист, зеро ӯ, чун ҳамаи онҳое, ки дар Олмони шарқӣ ба сар бурдаанд, хуб медонад, ки зиндагӣ дар шароити диктатура чӣ гуна аст ва акнун пирӯзии озодӣ дар Олмонро наззора мекунад".
Имрӯз хонум Меркел дар назди вакилони Конгресси Амрико суханронӣ кард.
XS
SM
MD
LG