Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастёри Медофф ба гуноҳаш иқрор шуд


Дэвид Фрихлинд, муҳосиби сарватманди маҳкумшуда Бернард Медофф ахиран дар ҳамдастӣ бо раиси собиқаш иқрор шуд. Моҳи июни соли равон сармоядор Бернард Медофф бо иттиҳоми яғмои дастикам 60 миллиард доллар аз сӯи додгоҳи Амрико ба 150 соли зиндон маҳкум шуда буд. Яғмои маблағ аз сӯи Медофф чанд даҳсола идома дошт ва аз ин рӯ мутахассисон мегуфтанд, ки бояд ҳамдастони қаллоб низ пушти панчара бошанд.
Дэвид Фрихлинди 49 сола ба 9 иттиҳоми додгустарӣ розӣ шуд, аз ҷумла ба тақаллуб бо замонатпулҳои мардум, машваратҳои бардурӯғи сармоягузорӣ, фиреби хадамоти андоз ва Комиссияи замонату бозори саҳҳом. Зимни суханронй аз минбари додгоҳи Манҳеттани Ню-Йорк Фрихлинд аз онҳое, ки фиреб дода буд, пузиш хост. Ба гуфтаи Дэвид, хонаводаи худи ӯ бар асари қаллобиҳои Медофф 500 ҳазор доллар зарар дидааст. Ӯ изҳор намуд, ки аз карда амиқан пушаймон аст ва аммо афзуд, ки ҷинояти содиркарда сирф муҳосибист ва ӯ аз қаллобихои Медофф хабаре надошт.
Гуфта мешавад, ки агар додгоҳ иқрори Фрихлинд ба гуноҳашро ба инобат нагирад, имкон дорад, ки ӯ то 114 сол маҳкум ба зиндон шавад.
XS
SM
MD
LG