Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клаус паймони Лиссабонро имзо кард


Раиси ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус имрӯз гуфт, ки вай аҳдномаи Лиссабони Иттиҳодияи Аврупоро имзо кардааст. Клаус тасмими худро соате баъди истиқболи гарми раҳбарони Аврупо аз ҳукми имрӯзаи додгоҳи Қонуни асосии Чехия эълон кард, ки монеаи охиринро аз тасвиби паймони Лиссабон бардошт. Вай гуфт:

“Баробари ба ҳукми иҷро даромадани ин паймон, Ҷумҳурии Чех алорағми иродаи иродаи сиёсии додгоҳи Қонуни асосӣ дигар мақоми худро ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол аз даст медиҳад”.

Аҳдномаи Лиссабон маънои онро дорад, ки фаъолияти 27 узви Иттиҳодияи Аврупо муассиртар шуда мақоми нави президентро барои ин ниҳод эҷод мекунад. Раҳбарони аврупоӣ умед доранд, ки бастаи санадҳои мазкур то охири соли ҷорӣ дар амал ҷорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG