Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи раҳбарони Аврупо аз ҳукми додгоҳи Чех


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ҳукми додгоҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии Чехро истиқбол карданд, ки монеаи охиринро аз тасвиби паймони Лиссабон бардошт. Сухангӯи Комиссиюни Аврупо гуфт, ки президент Жозе Мануэл Баррозо изҳори итминон кардааст, ки дар роҳи амалисозии ин аҳднома “дигар ҳеҷ таваққуфе нахоҳад шуд”. Хонум Пия Аҳренкилде Ҳансен гуфт:

“Ҳамроҳ бо ӯҳдадориҳое, ки аз ҷониби ҳама кишварҳои узв ба ҳукумати Чех дар Шӯрои Аврупо ҳафтаи гузашта дода шудааст, оқои Баррозо умедвор аст, ки дар оянда дигар ҳеҷ таваққуфи нозарур барои дар амал татбиқ кардани паймони Лиссабон пеш нахоҳад омад”.

Ҷумҳурии Чех танҳо узви Иттиҳодияи Аврупост, ки ҳанӯз ҳам ин аҳдномаро ба тасвиб нарасондааст, дар ҳоле, ки барои ба кор андохтани он ризоияти ҳама аъзои иттиҳодия лозим аст. Ҳоло, баъди он ки додгоҳ ин санадро мутобиқ бо сарқонуни Чех арзёбӣ кард, он бояд аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Ватслав Клаус имзо шавад. Клауси маъруф ба лақаби “евроскептик” ҳанӯз нагуфтааст, ки дар кадом фурсат онро имзо хоҳад кард. Аҳдномаи Лиссабон маънои онро дорад, ки фаъолияти 27 узви Иттиҳодияи Аврупо муассиртар шуда мақоми нави президентро барои ин ниҳод эҷод мекунад. Раҳбарони аврупоӣ умед доранд, ки бастаи санадҳои мазкур то охири соли ҷорӣ дар амал ҷорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG