Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи муштараки амниятии ҳамоиши Душанбе


Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши дурӯзаи раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои ОМ, Афғонистон ва Покистон ба поён расид.

Ширкаткунандагони ин нишаст зимни як баёнияи муштарак ба зарурати бозсосӣ ва ба шароити муосир ҳамоҳанг кардани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои минтақа таъкид кардаанд. Пулиси ҷиноии Олмон мегӯяд, омодааст дар амри тақвияти ин ҳамкориҳо кӯмак кунад.

Мақомоти Тоҷикистон нишасти мазкурро як қадам ба пеш ҷониби сохтани камарбанди амниятӣ ва ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон медонанд. Аз сӯи дигар ба зарурати бештар ҳамоҳанг кардани барномаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм ба барномаи ҷилавгирӣ аз кишт ва қочоқи маводи мухаддир низ таъкид шудааст.

Ерга Зирке, раиси пулиси ҷиноии Олмон, аз баргузор кунандагони ҳамоиши дурузаи амниятӣ ва интизомии Душанбе гуфт, авзои амниятӣ ва ҷиноӣ дар шимоли Афғонистон ва вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар он кишвар ваҳим буда, ба беҳбуд ниёз дорад.

Мубориза бо Толибон ва маводи мухаддир

Ӯ гуфт, Олмон фаъол шудани гурӯҳи Толибонро ба афзоиши тиҷорати маводи мухаддир вобаста медонад. Аз сӯи дигар афзуд оқои Зирке, наҳваи мубориза бо кишт ва қочоқи маводи мухаддир аз ҷумла пешниҳоди кишти зироати алтернавтивӣ ба ҷои кӯкнорро иқдоми камсамар тавсиф кард.

Пешниҳод ба деҳқонони афғон, ки ба ҷои кӯкнор зироати дигареро кишт бикунанд, ин гузина нест. Гузина дар муқобили мушкил танҳо мубориза бо маводи мухаддир ва гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир аст ...
Оқои Зирке мегӯяд, «пешниҳод ба деҳқонони афғон, ки ба ҷои кӯкнор зироати дигареро кишт бикунанд, ин гузина нест. Гузина дар муқобили мушкил танҳо мубориза бо маводи мухаддир ва гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир аст».

Раиси пулиси федеролии ҷиноии Олмон ҳамчунин афзуд, ки кишвараш бо вуҷуди мушкилоте, ки ахиран дар шимоли Афғонистон мувоҷеҳ шудааст, аз мубориза бо терроризм ва маводи мухаддирро дар нимароҳ раҳо нахоҳад кард ва ба кӯмаки худ ба ниҳодҳои зирабти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ба кӯмаки худ идома хоҳад дод.

Аммо, афзуд оғои Зирке, барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир ва зидди терроризм бояд ба якдигар ҳамоҳангии бештаре касб кунанд. Чун ба назари ӯ манбаи аслии таъминоти молии гуруҳҳои террористӣ аз тиҷорати маводи мухаддир ба даст меояд.

Аммо дар айни ҳол чӣ дар суханрониҳои дирӯзи ин нишаст ва ҳам дар ишораҳое, ки рӯзи сешанбе садо доданд, адами ҳамоҳангӣ ва мушорикати дастаҷамъии кишварҳои минтақа дар мубориза бо терроризм ва гурӯҳҳои ҷиноӣ ва маводи мухаддир бараъло мушоҳида мешуд. Ва як ҳадафи нишасти Душанбе низ суръатбахшӣ ба раванди ҳамкории кишварҳои минтақа дар мубориза ба мушкилоти мазкур унвон шуда буд.

Қадаме дигар ба сӯи "камарбанди амниятӣ"

Генерал Абдулло Назаров мегӯяд, нишасти Душанбе андешаи ташкили камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро қадаме пештар бурд
Дар ҳамин ҳол Абдулло Назаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, нишасти Душанбе андешаи таъсиси камарбанди амниятӣ дар атрофи минтақаи маводи мухаддири Афғонистонро, ки қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд, қадаме пештар бурд.

Генерал Назаров гуфт, ин нишастро як иқдом дар ҷиҳати пешбурди пешниҳоди камарбанди зидди маводи мухаддир ва терроризм метавон унвон кард. Аз ин пешниҳод Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои ҳамсоя пуштибонӣ карданд.

Нишасти Душанбе бо нашри як баёнияи муштарак ба поён расид. Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар поёни он гуфт, ки аҳдофи мавриди назари ин нишаст ҳосил шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта шахси вазири дохила аз бархе кишварҳои ҳамсоя тақозо кард, ки бо риояи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ба касоне, ки дар Тоҷикистон дар барандозии низом ва терроризм муттаҳам мешаванд, пангоҳ надиҳанд.

Аммо боз ҳам баид аст, ки суханони имрӯзи муовини вазири дохилӣ дар мавриди «бароварда шудани аҳдофи нишасти тақвияти ҳамкориҳо» ба маънии ризояти Узбакистон барои таҳвил додани мазнунин дар ба ихтиёри Тоҷикистон бошад.
XS
SM
MD
LG