Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ҳукумати ваҳдати миллӣ сохтанист


Карзай ва ноиб-президентҳо Муҳаммадқасими Фаҳим (аз чап) ва Карими Халилӣ (аз рост), Кобул, 3 ноябри соли 2009.

Карзай ва ноиб-президентҳо Муҳаммадқасими Фаҳим (аз чап) ва Карими Халилӣ (аз рост), Кобул, 3 ноябри соли 2009.

Раисиҷумҳури бозинтихобшудаи Афғонистон, Ҳомид Карзай дар аввалин нишасти хабарияш гуфт, ҳукумати фарогир таъсис дода, бо фасоди идорӣ муборизаи беамон хоҳад бурд.

Ин айни чизест, ки президенти Амрико, Барак Обама дар гуфтугӯи телефонӣ аз Карзай тақозо кард ва сарвазири Британия, Гордон Браун онро вазифаи таъхирнопазири Карзай номид.
"Ҳақиқаташ ин аст, ки ҳукумат бо қонунмандии хеле камтаре назар ба гузашта бармегардад ва ин ҳолат кори онро дар ҷалби дилу зеҳни шаҳрвандонаш ба маротиб халалдор мекунад...


Вай гуфт: "Ман фикр мекунам, набояд фаромӯш кард, ки мо дар Афғонистон як ҳукумати орӣ аз фасод ва фарогиреро мехоҳем, ки мушкили ба шукуфоии иқтисодӣ расондани мардуми афғонро ҳал кунад, ҳукуматие ки артиши афғонро ба по гузорад, нерӯҳои мусаллаҳро, ва албатта, полиси Афғонистонро."

Дар ҳамин нишасти хабарӣ дар Лондон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун гуфт, аз Карзай хостааст, ҳамаи чораҳои заруриро пиёда кунад, то пеш аз ҳама ба интизориҳои мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Вай афзуд, "ба таври махсус аз президент Карзай хостааст, якҷоя бо тамоми сарварони сиёсӣ, ки номзади раёсатҷумҳурӣ буданд, аз ҷумла Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ кор кунад."

Президенти Амрико, Барак Обама мегӯяд, аз Карзай хостааст, мубориза бо фасод на дар сухан, балки дар амал бошад. Худи Карзай низ дар нишасти хабарияш ин муборизаро ҳаётан муҳим ва кори тамоми ҷомеа номид. Вай гуфт, на танҳо бояд омилони фасод муҷозот шаванд, балки тарзу шеваҳои корро, ки ба фасод имконият медиҳад, бояд тағйир дод.

Дар ҳоле ки коршиносон интихоботи президентии Афғонистонро дилсардкунанда меноманд, инро ҳам иқрор мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз канораҷӯии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби Карзай аз ширкат дар даври дувуми интихобот, роҳи дигаре ба ҷуз аз пазируфтани эълони Кумиссюни мустақили интихоботии Афғонистонро надошт. Ин кумиссюн баргузории даври дувумро нозарур шуморид ва Карзай пирӯзи интихобот эълон кард.

Гаретс Прайс, раҳбари Барномаи Осиё дар маркази пажӯҳишии Чатҳами Лондон мегӯяд: "Ҳақиқаташ ин аст, ки ҳукумат бо қонунмандии хеле камтаре назар ба гузашта бармегардад ва ин ҳолат кори онро дар ҷалби дилу зеҳни шаҳрвандонаш ба маротиб халалдор мекунад."

Ба даст овардани дилу зеҳн, пеш аз ҳама марбут ба сулҳи Афғонистон мешавад ва Ҳомид Карзай аз Толибон даъват кард, силоҳро канор гузоранд ва ба ватан баргарданд.

Аммо Толибон бозгашти Карзайро мазҳака номиданд ва мегӯянд, ҷанги худро дар Афғонистон то рондани нерӯҳои хориҷӣ идома хоҳанд дод. Дар изҳороти Толибон гуфта мешавад, зарбаҳои онҳо, махсусан ҳамла ба меҳмонсарои Созмони Милал дар Кобул дар ҳафтаи гузашта раванди интихоботро фалаҷ кард. Дар ин ҳамла панҷ корманди Созмони Милал кушта шуданд.

Ба ақидаи расонаҳои байнулмилалӣ интихобот Афғонистонро ба ноустуворӣ ва номуайянии бештар рӯбарӯ кардааст. Вале як дипломати ғарбӣ дар Кобул ба Ройтерз гуфтааст, агар сӯҳбат аз қонунмандии ҳукумати нави Карзай аст, онро на маҳз интихобот, балки корҳое муайян хоҳанд кард, ки президент дар рӯзҳо ва ҳафтаи наздик мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG