Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: Ҳамлаи навбатӣ ба журналист


Қубанич Ҷолдошев, муовини сардабири рӯзномаи қирғизии «Ош шами», бо ҷароҳатҳои зиёд дар беморхона бистарӣ гаштааст

Қубанич Ҷолдошев, муовини сардабири рӯзномаи қирғизии «Ош шами», бо ҷароҳатҳои зиёд дар беморхона бистарӣ гаштааст

Қубанич Ҷолдошев, муовини сардабири рӯзномаи қирғизии «Ош шами» ё «Шӯълаи Ӯш», мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Ин ҳодисаи ҳафтуми сӯиқасд ба ҷони журналист дар соли равон дар Қирғизистон мебошад. Ин журналист бар асари зарбу лат ҷароҳати зиёд бардошта ва дар бемористони шаҳри Ӯш бистарӣ гаштааст. Ба гуфтаи пизишкони ин дармонгоҳ, вазъи Қубанич Ҷолдошев чандон хуб нест ва дар натиҷаи зарбу лат майнаи сари ӯ сахт осеб дида ва чанд қабурғааш низ шикастааст.

Турғунбой Алдақулов, сардабири рӯзномаи «Ош шами», ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин авохир нашри мақолаҳои тунду тез дар саҳифаҳои рӯзномаи онҳо сафи мештариёнашонро хеле афзуд.

Қубанич Ҷолдошев мавзӯъҳои доғи сиёсӣ ва иқтисодиро баррасӣ мекард... Ришватхорӣ дар муасисаҳои таълимии Ӯш низ мавриди интиқоди шадиди ӯ қарор мегирифт ...
Ба гуфтаи Турғунбой Алдақулов, вале баъди нашри ин мақолаҳо ашхоси номаълум тавассути занги телефон борҳо таҳдид кардаанд, ки агар журналистон аз интишори мақолаҳои тезу тунд даст накашанд, онҳоро оқибатҳои нохуш интизор хоҳад буд.

Сардабири «Шӯълаи Ӯш» мегӯяд, бидуни иштибоҳ ҳодисаи латтукӯби ҳамкори ӯ Қубанич Ҷолдошев ба фаъолияти касбии ин журналист бастагӣ дорад.

Бар асоси суханони Алдақулов, журналист Қубанич Ҷолдошев мавзӯъҳои доғи сиёсӣ ва иқтисодиро баррасӣ менамуд. Сардабир афзуд, ки ришватхорӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯш низ мавриди интиқоди шадиди ин журналист қарор гирифт, ки вокунишҳои мухталиферо дар минтақаи ҷануби кишвараш ба бор оварда тавонист.

Худи Қубанич Ҷолдошев дар тавзеҳи ин ҳодиса мегӯяд, мошини ҳомили ӯро нозирони роҳ боздоштанд ва ронандаро ба манзури таҳқиқ, ки шароб нӯшидааст ё на, ба маркази ташхис роҳнамоӣ карданд.

Ба гуфтаи ин журналист баъди он, ки ронанда вориди бинои ташхис шуд, се афроди дар бар либоси мулкӣ ба вай дарафтоданд ва мавриди латту кӯби шадид қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол иттиҳодияи ҷамъиятии «Журналист», мақараш дар Бишкек, мавриди ҳамла қарор гирифтани журналист Ҷолдошевро ҳодисаи ташвишовар арзёбӣ кардааст. Бино ба ин манбаъ, латтукӯби журналистон дар Қирғизистон ба ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Гуфта мешавад, вале кормандони умури интизомӣ ҷиҳати пайдо кардани ҷинояткорон ва ба муҷозот кашидани онҳо ҳаргиз саросема нестанд, ки боиси нигарониҳост.

Иттиҳодияи ҷамъиятии «Журналист» тазаккур додааст, ки аз як тараф афзоиши худсонсурӣ ва, аз тарафи дигар, эҳсоси беҳимоятӣ кардани журналистон боис хоҳад шуд, ки ҳақиқатнигорӣ зарба бинад ва журналистон аз баррасии масъалаҳои доғе, ки ҷомеаи Қирғизистон ба он рӯбарӯст, парҳез намоянд.

Сирғак Абдилдаев - хабарнигори «Репортёр-Бишкек», Ирискелдӣ Умрзоқов - сардабири рӯзномаи «Трибуна», Абдуваҳҳоб Мониев - муовини сардабири рӯзномаи «Сиёсати ошкоро», Улуғбек Бобоқулов -сардабири рӯзномаи «Московский комсомолец-Киргизстан» ва амсоли он аз ҷониби иттиҳодияи «Журналист» аз ҳодисаҳои сӯиқасд болои журналистон арзёбӣ шудааст.

Ба таъкиди иттиҳодияи «Журналист», чанд моҳ пеш журналисти мустақил Алмос Ташиев аз зарбу лати корманди милиса ҷароҳати вазнин бардошт ва дар бемористон ҷон дод.

Мелисбек Мирзоаҳмадов, шаҳрдори Ӯш, гуфтааст, ки назорати ҳодисаи марбут ба журналист Қубанич Жолдошевро ба даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG