Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ гуфтугӯҳо бо Амрикоро рад кард


Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ гуфт, ки ИМА як “қудрати густох” аст ва Эрон бо “рафтори зоҳиран мусолиҳатомези он фиреб нахоҳад хӯрд”. Вай дар сӯҳбат тавассути радиои маҳаллӣ гуфт, дар сурате, ки натиҷаи ҳама гуна гуфтугӯҳо аз ҷониби Вашингтон аз пеш тарҳрезӣ шуда бошад, Эрон ингуна музокираро рад мекунад. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки омода аст бо Эрон вориди гуфтугӯи мустақим шавад. То ҳол мақомоти Амрико ҳама гуна музокираҳоро бо Ҷумҳурии Исломӣ рад кардаанд. Соли 1979 баъди он ки ҷавонҳои тундрави эронӣ соли 1979 сафорати Амрико дар Теҳронро забт кард 52 дипломати амрикоиро гаравгон гирифтанд, Вашингтон бо Эрон ҳама гуна равобити дипломатиро қатъ кард. Фардо дар Эрон 30-юмин солгарди ҳамлаи донишҷӯён ба сафорат таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG