Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссари САҲА вориди Бишкек шуд


Кнут Волебек, комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури ақалиятҳои миллӣ, рӯзи сешанбе вориди Бишкек шуд.
Интизор меравад, ки Кнут Воллебек дар пойтахти Қирғизистон бо мақомоти раҳбарии ин кишвар ва намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ дидору мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
Нимаи имрӯз комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури ақалиятҳои миллӣ дар хонаи «Дӯстии халқҳо»-и Қирғизистон, воқеъ дар Бишкек, бо раисони иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақвоми ин кишвар мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин мулоқот оқои Волебек гуфт, ки вай ба манзури ошноӣ бо ҳаёт ва рӯзгори ақалиятҳои миллии Қирғизистон вориди Бишкек шудааст. Вай афзуд, ки тайи боз ду рӯз вай муқими Бишкек хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG