Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Клинтон дар баробари ҷаҳони ислом


Вазири умури хориҷаи Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки ИМА ваъдаи раиси ҷумҳурӣ Барак Обамаро дар заминаи “шурӯи тоза” дар равобит бо ҷаҳони ислом иҷро мекунад. Клинтон зимни суханрониаш дар нишасти шаҳри Марокаш гуфт, ки барои амалисозии ин ҳадафҳо барномаҳои вижаи пуштибонӣ аз сармоягузорӣ, рушди иқтисодӣ ва илму маориф пешниҳод хоҳад шуд. Суханронии Клинтон дар баробари мусалмонҳо баъди муроҷиати Барак Обама дар моҳи июн дар Қоҳира ба пайравони дини ислом сурат мегирад, ки чун талош барои барқарории равобити дучори мушкилшудаи Амрико бо ҷаҳони ислом арзёбӣ мешавад. Баъди Марокаш Клинтон ба Қоҳира бо ҳадафи мулоқот бо раиси ҷумҳурӣ Ҳусни Муборак сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG