Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари Мусавӣ ба озодии занҳои зиндонӣ даъват кард


Ҳамсари як раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусайни Мусавӣ аз мақомот даъват кард, ки ҳама занҳои баъди эътирозҳои интихоботи имсола боздоштшударо раҳо кунанд. Сомонаи интернетии “Калима” дар нақли қавл аз Заҳрои Раҳнавард тақозо кардааст, ки “ҳама зиндониҳо, бахусус занҳое, ки баъди интихобот боздошт шуданд, билофосила ва бидуни ҳеҷ пешшарт озод шаванд”. Фардо қарор аст тарафдорони Мусавӣ дар рӯзи 30-юмин солгарди муҳосираи сафорати Амрико дар Теҳрон ва гаравгонгирии 52 амрикоӣ раҳпаймоии эътирозӣ ташкил кунанд. Посдорони инқилоби исломии Эрон мухолифинро аз ташкили эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG