Пайвандҳои дастрасӣ

Пхенян корҳои марбут ба плутониумро анҷом дод


Имрӯз Кореяи Шимолӣ гуфт, коркарди ҳашт ҳазор милаи сӯхти ҳастаиро анҷом додааст, ки барои дастёбӣ ба плутониуми силоҳи ҳастаӣ кифоят мекунад. Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ гуфт, ки ин корҳо то охири моҳи август дар коргоҳи Ёнгбиёни кишвар анҷом шудааст. Соли ҷорӣ дар паи танқидҳои Ғарб аз озмоишҳои мушакҳои дурпарвози Кореяи Шимолӣ ин кишвар музокираҳои байналмилалиро, ки ба хотири хатми барномаи ҳастаиаш ташкил шуда буд, тарк кард. Моҳи май Корея озмоиши дуюми мушакии худро анҷом дод. Феврали соли 2007 Пхенян бар асоси қарордоде бо ИМА, Русия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон як бахши аъзами таъсисоти ҳастаии худро аз кор баровард. Вале тибқи иттилои Кореяи Ҷанубӣ, ба назар мерасад, ки дар ин охирҳо Пхенян пурра таъсисоти ҳастаии Ёнгбиёнро дубора барқарор кардааст.
XS
SM
MD
LG