Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори полиси Эрон зидди раҳпаймоиҳо


Имрӯз полиси Эрон ҳушдор дод, ки ҳама гуна раҳпаймоиҳои ғайриқонунӣ дар рӯзи 4 ноябр, ки бо 30-солагии ҳодисаи гаравгонгирии кормандони сафорати Амрико дар Теҳрон мувофиқ меояд, шадидан саркӯб хоҳад шуд. Полис бо пахши изҳороте гуфт, ки танҳо баргузории намоишҳои эътирозии зиддиамрикоӣ дар муқобили сохтмони сафорати пешини амрикоӣ муҷоз аст. Фардо тарафдорони ду номзади интихоботии мухолифин Мирҳусайни Мусаввӣ ва Маҳдии Каррубӣ, ки пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро дар интихоботи моҳи июн тақаллубӣ арзёбӣ мекунанд, ният доранд намоиши эътирозӣ ташкил кунанд. Ҳар сол рӯзи 4 ноябр дар Эрон расм шудааст, ки намоишҳои зиддиамрикоӣ ташкил шавад. Дар он рӯз соли 1979 донишҷӯёни тундрав ба сохтмони сафорати Амрико дар Теҳрон ҳамла карда 52 корманди амрикоии онро гаравгон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG