Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки дар пойтахти Вйетнам - шаҳри Ханой ҷараён доранд, беш аз дуним ҳазор варзишгар аз 43 кишвари Осиё ширкат меварзанд.

Дар ин бозиҳо, ки аз рӯи 27 навъи варзиш то 8-уми ноябр идома хоҳанд кард, варзишгарони Тоҷикистон дар се ришта - гуштии дзюдо, кураш ва футзал ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» дар ду бозии худ аз тими Ҷопон бо ҳисоби 2:5 ва аз тими Тайланд бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ дар ҷои охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Дастаи Тайланд, ки тими Ҷопонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, ҳамчун ғолиби гурӯҳ муборизаро барои ҷавоизи бозиҳо идома хоҳад дод.

Пас аз ҷамъбасти чаҳор рӯзи Бозиҳои III осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби мизбон - Вйетнам бо касби 37 медал, аз ҷумла 17 медали тилло, дар ҷои аввал аст. Тимҳои Чин ва Куриёи Ҷанубӣ дар ҷойҳои дуввуму севум қарор доранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG