Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи Карзай ба мардуми Афғонистон


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз қавл дод, ҳукумати фарогиреро таъсис хоҳад дод, ки аз тамоми миллатҳои кишвараш намояндагӣ кунад. Зимни суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул, Ҳомиди Карзай ҳамчунин аҳд дод, ки ба қавли худаш “доғи фасод” аз кишварашро пок хоҳад кард. Ҳомиди Карзай, баъди лағви даври дуввуми интихоботи рӯзи 7 ноябр аз тарафи Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон, барои панҷ соли дигар раиси ҷумҳур эълом шуд. Даври дуввумро баъд аз он лағв карданд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ танҳо рақиби Ҳомиди Карзай бо зикри тазмин нашудани як интихоботи шаффофу одилона аз ширкат дар он даст кашид. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, ршӯзи душанбе Ҳомиди Карзайро табрик гуфт ва аз ӯ хостааст, барои мубориза бо фасод ҷидду ҷаҳд кунад.
XS
SM
MD
LG