Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ пизишкони тоҷикро мехонад


Намояндаи Палатаи тиҷорат ва саноати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳҳор ал-Баддоҳ мегӯяд, кишвараш ба пизишкони тоҷик ниёз дорад.

Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати меҳнати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Коммисияи Шӯрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ мувофиқат кардаанд, ки сар аз соли 2010 раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ расман оғоз ёбад.
Дар Саудӣ барои ҳар як муҳоҷир кушода аст, вале бояд ҳатман қавонини мо риоя карда шавад. Ва теъдоди муҳоҷирон дар асоси ширкатҳои корфармои мо қабул мешаванд...


Сафиалло Девонаев, роҳбари Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои он муҳоҷироне ки бори аввал вориди Саудия мешаванд, омӯзиши ҳатмии забонҳои англисӣ ва арабӣ бо таври ройгон ба роҳ монда мешавад.

Вай афзуд: «Дар навбати аввал омӯзиши забон , аниқтараш баъди кушодани сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба роҳ монда мешавад. Омӯхтани забони арабӣ барои ҳар як муҳоҷир ҳатмӣ аст. Зеро имрӯз дар Русия 90 дарсади муҳоҷирони тоҷики мо аз сабаби надонистани забони русӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.»

Ба гуфти Сафиалло Девонаев, то кунун ягон муҳоҷири кории тоҷик дар Саудия ба қайд гирифта нашудааст ва ин қадами аввал хоҳад буд. Тавре дар нишаст таъкид шуд, мақомоти Саудӣ бештар ба табибон ниёз доштаанд.

Роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Меҳнатии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд ки Арабистони Саудӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик, ки бори аввал ба ин кишвар мераванд, роҳкирои омаду рафт, ҷойи зист, сару либоси махсуси корӣ ва муоинаи тиббии ройгон ваъда додааст.

Саъд Наҳор ал-Бадаҳ: роҳбарии коммисияи милли Шӯрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ гуфт ки дар созишномаи байни Тоҷикистон ва Саудия дар мавриди шумораи муҳоҷирон муқаррароте зикр нашудааст. Аммо номбурда афзуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳамроҳ бо ҳамсарашон ва бар пояи қавонин ва урфу анъанаҳои ислом вориди Саудия шаванд.

Саъд Наҳор ал- Бадал гуфт: «Дар Саудӣ барои ҳар як муҳоҷир кушода аст, вале бояд ҳатман қавонини мо риоя карда шавад. Ва теъдоди муҳоҷирон дар асоси ширкатҳои корфармои мо қабул мешаванд.»

Ба гуфти Сафиалло Девонаев, маоши муҳоҷирони дар Саудия 300 то 350 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Ва барои таҳсили фарзандони хонаводаҳои муҳоҷир ҳам шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Абдуазими Абдуваҳҳоб ҷавони 23-сола мегӯяд, ин муқарароти кишвари Саудӣ, ки муҳоҷирон ҳатман бо ҳамсар вориди ин кишвар гарданд, хуб аст. Зеро аксарияти ҷавонони муҳоҷир вақте ба Русия ва дигар кишварҳо мераванд, бидуни ҳамсар ва фарзандон рафта, баъзан дар муҳоҷират оилаи нав ва ё равобити ғайришаръӣ барпо мекунанд. Вале, барои он ҷавонҳое монеа мешавад, ки мехоҳанд ба хотири оиладоршавӣ ба муҳоҷират раванд, меафзояд Абдуазим.

Саидмо Саидбекова, мехоҳад бо назардошти умумиятҳои динӣ ба кишварҳои исломӣ биравад. Ӯ мегӯяд ки аксарияти занҳои тоҷике ба муҳоҷират мераванд, бешавҳар ҳастанд. Аз ин рӯ, Арабистони Саудӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик имтиёзи зиёд дода бошад ҳам, занони танҳои корталаби тоҷик аз ин барнома бебаҳра мемонанд. Чунки меафзояд хонум Саида :занони тоҷик ки бештар бешавҳар ҳастанд, ҳамин чизро бояд ба назар мегирифтанд. Ва барои занҳои бешавҳар ки мехоҳанд барои хондан ва кор раванд, имтиёз медоданд.

Қосими Бекмуҳамад таҳлилгар бар ин назар аст, ки созиши муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ дастоварди дипломатияи тоҷик аст.

Вай мегӯяд: "Айни ҳол муҳим ин аст ки ин раванд роҳандозӣ шавад. Теъдоди аз атбои Тоҷикистонро ба ин кишвар фиристонем. То дар ҷараёни иҷрои ин корҳо ҷузъёти ин мавзӯҳо бо таваҷӯҳ ба манофеи миллии муҳоҷирони тоҷик мавриди иҷро қарор бидиҳем.Албатта,бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, шароити мавриди тавақуи Арабистон Саудӣ барои онҳо як миқдор барои онҳо гаронӣ хоҳад овард. Агар ҳуқуқи муҳоҷирон ба ҳаде ки бошад ки фарзандони худро ҳам битавонанд, бо худ баранд. Чизе ки аз эҳтимол дур аст боз ҳам онҷо ҳамгироӣ бо фазои суннатии Арабистони Саудӣ ва ҳам фароҳам кардани шароити таҳсил дар он кишвар мебошад. Чизе ба назар намерасад ки битавонад дар як ва ё ду сол қобили ҳаллу фасл бошад. Бинобарин дар маҷмӯъ бояд ба дунбол кардани музокирот ва баҳсу баррасии ҷузъёти ин мавзӯъ ҷонибҳо, битавонанд шароити муносибтареро дар оянда барои муҳоҷирони кории тоҷик фароҳам кунанд."

Созишномаи ҳамкорӣ дар ин маврид байни ҳукумати Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ моҳи майи соли 2003 ба имзо расида буд. Дар заминаи имзои ин санад 24 августи соли ҷорӣ дар Арабистони Саудӣ байни Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Шӯрои палатаи савдо ва саноати Саудӣ ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид. Мувофиқат ҳосил шуду акнун мунтазири сафари гурӯҳи аввали муҳоҷирон ба Арабистон ва натиҷагириҳо аз ин раванд хоҳем шуд.
XS
SM
MD
LG