Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари паҳлавонони тоҷик ба Юнон


Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон 3-юми ноябр озими Юнон шуд.

Муовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 варзишгар шомиланд. Инҳо устодони варзиши дараҷаи байнулмилалӣ Набимуҳаммад Хоркашев (дар вазни 100 кг) ва Пӯлодҷон Солеҳов (90 кг), устодони варзиш Комилҷон Шералиев (82 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг) ва Эраҷ Раҳимов (52 кг) мебошанд».

Ба гуфтаи оқои Абдуллоҳ мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Салоникии Юнон аз 5-ум то 9-уми ноябр баргузор хоҳад шуд. Дар ин мусобиқа ширкати гуштигирони 70 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG