Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Муҳаммад Ал-Барадеӣ аз Эрон


Раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Барадеӣ

Раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Барадеӣ

Раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Барадеӣ аз Эрон талаб кард, ки ҳарчи зудтар ба пешниҳоди Амрико, Русия ва Фаронса дар мавриди ғанисозии ураниюми эронӣ посух бидиҳад.

Зимни суханрониаш дар маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк Ал-Барадеӣ гуфт, ки пешнависи тарҳи СММ ба Теҳрон имкон медиҳад “этимод ва боварии” ҷомеаи ҷаҳониро касб кунад.

Вай афзуд, “тавре ки ман борҳо таъкид доштам, нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба нақшаҳои ояндаи Эронро танҳо аз роҳи муколама ва бунёди эътимод метавон бартараф намуд. Барои ҳамин ҳам ман аз Эрон даъват мекунам, ҳарчи зудтар ба пешниҳоди ахире, ки ман дар пояи ибтикори Амрико, Русия ва Фаронса таҳия кардаам, посух диҳад.”

Тибқи ин пешниҳод, Эрон бояд ураниюми нохолисашро барои коркард ва табдил ба бастаҳои сузишворӣ барои реакторӣ таҳқиқотии Теҳрон ба хориҷа фиристад. Аз ин роҳ ҷомеаи чахонӣ мехоҳад аз талошҳои Теҳрон барои аз роҳи ғанисозии ураниюм дар корхонаҳои кишвар сохиби силоҳи ҳастаӣ шудан ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Британиё Дэвид Милибанд баъд аз музокирот бо ҳамтои русиаш Сергей Лавров эълом дошт, ки Маскав ва Лондон низ хостори посухи ҳарчи зудтари Эрон ба пешниҳоданд.

Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳр Муттакӣ дирӯз гуфт, ки Теҳрон хостааст то шӯрои фаннӣ ин пешниҳодро баррасӣ кунад. Вай афзуд, ки ҷониби Эрон ду рӯз қабл ин дархосташро ба Оҷонси байнӯлмилалии нерӯи ҳастаӣ ироа намудааст.

Намояндаи Эрон дар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаи Алӣ Асғар Султонниё низ рӯзи душанбе иброз дошт, ки кишвараш ба идомаи музокирот ва замонати бештар ниёз дорад. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки Эрон аз содироти ураниюм ба беруни кишвар дида, бештар хостори харидории сухти ҳастай барои реактори таҳқиқотии Теҳрон аст. Ва аммо огои Султонниё нагуфт, ки ин посухи расмии Теҳрон ба пешниҳоди шаш қудрати ҷаҳонӣ аст ё хайр.
XS
SM
MD
LG