Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Обама аз пирӯзии Карзай дар интихобот


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, Ҳомид Карзайро бо тамдид шудани мӯҳлаташ дар мақоми раисиҷумҳури Афғонистон табрик гуфт ва аз ӯ давъват кард, ки ба мавзӯъи мубориза бо фасод дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад. Намояндаи Кохи Сафед Роберт Гибс гуфт, ки Обама аз поён ёфтани раванди интихоботӣ дар Афғонистон қаноатманд аст.
Ҳомид Карзайро бо пирӯзӣ дар интихобот раҳбарони Созмони Милали Муттаҳид, Бритониё ва Покистон ҳам табрик карданд. Олмон ва Фаронса аз Карзай даъват намуданд, ки ба хотири муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ бо рақиби аслияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Абдулло Абдулло ҳамкорӣ кунад.
Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар бораи пирӯзии Карзай баъди он тасмим гирифт, ки рақиби ӯ дар даври дуввуми интихобот Абдулло Абдулло бо далели мутмаин набуданаш ба интихоботи озоду шаффоф дар кишвар аз идомаи сабқат даст бардошт.
XS
SM
MD
LG