Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон Караҷичро дар куштори мусалмонҳо айбдор кард


Додситони Додгоҳи байнулмилали Ҳейг ваё Гаага раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ Радован Караҷичро дар ташкили куштори тақрибан 8 ҳазор мардону кудакони мусалмон дар шаҳри Сребренитса дар моҳи июли соли 1995 айбдор кард. Додситон Ален Тиҷер ар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки Караҷич гуноҳи худро инкор мекунад, ҳарчанд хуб медонад, ки далелҳои мӯътамади ҷиноёти ӯ мавҷуданд. Ален Тиҷер, аз ҷумла, гуфт, ки "асирон аз Братунатса ба боздоштгоҳи муваққат дар Зворник ваё канори Зворник интиқол дода шуданд. Дар он ҷо онҳоро то қатл нигаҳ доштанд. Тайи 72 соат ҳамаи асирон кушта шуданд, ба ҷуз онҳое, ки ба таври мӯъҷизанок наҷот ёфтанд. Дар ин толор мо шаҳодати онҳоеро мешунавем, ки наҷот ёфтанд ва аз азияту машаққати онҳо қабл аз наҷоташон огаҳ мешавем".
Радован Караҷич аз ширкат дар шурӯъи мурофиа сарпечӣ кард ва эълом дошт, ки барои ошноӣ бо парванда ва омодагӣ ба дифоъи худ ба 8 моҳи иловагӣ ниёз дорад. Ва аммо баъд аз ҳушдори додгоҳ ва ифтитоҳи мурофиа ӯ дар як нома ваъда дод, ки рӯзи сешанбе дар толори мурофиа ҳозир хоҳад шуд. Раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ дар ҷиноёти низомӣ ва наслкӯшӣ замони ҷанг дар Боснӣ ва Ҳерсеговина дар миёнаҳои солҳои 90-ум айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG