Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юшенко хостори тағйири созиши газ бо Русия шуд


Раисҷумҳур Украина Виктор Юшенко аз ҳукумати кишвар вуруди тағйирот ба созиши хариду фурӯши газ бо Русияро талаб кард. Сарвари Украина мегӯяд, ки ҳаҷми гази воридотӣ аз Русия барои соли 2010 бояд бо назардошти вазъи воқеъии иқтисоди кишвар муқаррар шавад.
Аз ин пеш сарвазири Русия Владимир Путин бо такя ба гуфтаҳои ҳамтои украинияш Юлия Тимошенко хабар дода буд, ки Киев дар мавриди пардохти маблағи гази Русия ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Путин афзуд, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонанд дар ҳалли ин мушкил ба Украина кумак кунанд.
Моҳи январи соли равон бар асари ихтилоф миёни Маскав ва Киев интиқоли гази Русия ба Аврупо аз тариқи қаламрави Украина барои ду ҳафта қатъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG