Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷор дар Равалпиндӣ мунҷар ба ҳалокати 35 кас шуд


Мақомоти Покистон тафтиши инфиҷорҳо дар шаҳрҳои Равалпиндӣ ва Лоҳурро идома медиҳанд. Бар асари инфиҷор дар Равалпиндӣ, тибқи иттилоъи ахир, 35 нафар ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, як маргталаби савори мототсикл худро дар як минтақаи пуриздиҳом дар наздикиҳои ситоди марказии артиши Покистон мунфаҷир кард. Таркиши дуввум дар назди як постгоҳ дар канори шаҳри Лоҳур рух дод – дар ин ҷо мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд. Дар бораи қурбониёни ин ҳодиса то ҳол иттилоъи дақиқ зери даст нест. Исломобод мегӯяд, ки ҳамлаҳои террористии рӯзҳои ахир – посухи гурӯҳҳои террористӣ ба амалиёти густардаи артиш дар минтақаи Вазиристони ҷанубист. Тибқи иттилоъи ахир, низомиёни покистонӣ шаҳри Конигумрамро, ки аз пойгоҳҳои гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла, Ҷунбиши исломии Узбакистон маҳсуб мешуд, таҳти назорати комили худ қарор доданд.
XS
SM
MD
LG