Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Барадеӣ хостори посухи зудтари Теҳрон шуд


Муҳаммад Ал Барадеӣ, раиси Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ, аз Эрон талаб кард, ки ҳарчӣ зудтар ба пешниҳоди ИМА, Русия ва Фаронса дар мавриди ғанисозии ураниуми эронӣ посух бидиҳад. Зимни суханронӣ дар Маҷмаъи кулли СММ дар Ню- Йорк Ал-Барадеӣ гуфт, ки пешнависи тарҳи СММ ба Теҳрон имкон медиҳад то “эътимоди ҷомеъаи ҷаҳониро касб кунад".
Тибқи пешниҳод, Эрон бояд ураниуми нохолисашро ба хотири коркард ва табдил ба маводи сӯхт барои реактори таҳқиқотии кишвар ба хориҷа фиристад. Гуфта мешавад, ба ин васила ҷомеьаи ҷаҳонӣ мехоҳад аз талошҳои Теҳрон барои аз роҳи ғанисозии ураниум дар корхонаҳои кишвар соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан ҷилавгирӣ кунад.
Вазири умури хориҷаи Эрон Манучеҳр Муттакӣ дирӯз гуфт, ки Теҳрон хостории баррасии пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар Шӯрои фаннӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки Теҳрон ин дархосташро ду рӯз пеш ба Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастай ироа карда буд.
XS
SM
MD
LG