Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулло, сокини 17-солаи шаҳри Душанбе, беш аз 1 моҳ аст, ки дар яке аз фитнесклубҳои пойтахт машқи бадан мекунад.

Ҳадафи аслии ба варзиш машғул шудани Абдулло гирифтани вазн будаст. Зеро, мегӯяд ӯ, ҳамагӣ 45 кило вазн дошт ва акнун баъд аз яку ним моҳи машқ вазнаш ба 50 кило расид. Абдулло дар як ҳафта се маротиба бар ивази 150 сомонӣ 2-соатӣ дар фитнес-клуби «Хамер»-и меҳмонхонаи Таҷпалас дар назди мураббии махсус машқ карда, мувофиқ ба тавсияи онҳо аз усулҳои гуногуни машқи бадан кор бурда, танҳо маҳсулоти серғизо истеъмол мекунад.

Вай мегӯяд, «харобтар ҳастам, акнун рӯз аз рӯз вазн гирифта истодаам. 50 кило вазн барои мани 17-сола хеле кам аст. Акнун ман кӯшиш дорам, ки вазнам бештар шудан гирад. Ҳамчунин ман нерӯмандтар мешавам».

Парвиз Шарипов, тренери фитнесклуби «Хамер», мегӯяд, ахиран дар шаҳри Душанбе марказҳои зиёд таъсис меёбанд, ки бо дастгоҳи махсуси муосири машқи бадан муҷаҳҳаз буда, дар он муррабиҳои ҳирфаӣ ба хоҳишмандон роҳнамоӣ мекунанд.

Акнун ба наврасону ҷавонон, ки маъмулан дар таҳхонаҳо ва анборҳо дар шароити номусоид баданашонро обутоб медоданд, имкони беҳтари ба варзиш машғул шудан фароҳам оварда шудааст ...
Ӯ меафзояд, ҳамакнун ба наврасону ҷавонон, ки маъмулан дар таҳхонаҳо ва ё анборҳои маҳаллаҳои истиқоматӣ дар шароитӣ номусоид баданашонро обу тоб медоданд, имкони беҳтари ба варзиш машғул шудан фароҳам оварда шудааст. Дар фитнес-клубҳо барои духтарон гимнастика ва барои писарон вазнбардорӣ пешниҳод мегардад.

Дар як ҳафта се маротиба вобаста аз ҳадаф, бачаҳо дар алоҳидагӣ машқҳои марбут ба рушди қафаси сина, китф, бозу, миён ва мушакҳои дасту пойро иҷро мекунанд.

Оқои Шарипов мегӯяд, «бачаҳое, ки ба гуштӣ машғул ҳастанд ва онҳое ки мехоҳанд нерӯманд шаванд, барои машқ меоянд. Ҳастанд бачаҳое, ки барои вазн гирифтан меоянд. Мардҳое, ки фарбеҳанд, барои хароб шудан меоянд. Онҳо бештар машқҳои сабукро мекунанд».

Парвиз, ки аз 18-солагӣ ба бадансозӣ машғул аст, мегӯяд, як ҷавони лоғар дар тӯли 6 моҳ агар бе танаффус машқ карда, дар як рӯз 6 маротиба ғизои солим бихурад, метавонад соҳиби намуди зоҳирии дилхоҳу паҳлавонона гардад. Ба гуфти ӯ, ахиран шумори ҷавононе, ки орзуи доштани симои паҳлавонона ҳастанд, рӯз аз рӯз меафзояд. Ин ҷавонон баъзан бо харидории витамину хокаи сафеда, ки аз 30 то 700 сомонӣ арзиш доранд, мехоҳанд ба зудтарин фурсат дар бадансозӣ муввафақ шаванд.

Аммо, меафзояд Парвиз, ҷавонони тоҷик маъмулан на ба хотири саҳна ва ё ҷалби таваҷҷӯҳи коргардонҳои кинову ширкатҳои тарғиботӣ, балки барои ҷалби таваҷҷӯҳи бонувон машқ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, «ҷавонони тоҷик ҳоло бештар кӯшиш мекунанд, ки баданашон зебо бошад ва либос ба онҳо зебад».

Фирӯз, мусоҳиби дигарам, ки 3 сол аст бадансозӣ мекунад, 95 кило вазн дорад ва бо санги 150 килоӣ машқ мекунад. Зоҳиран ӯ дар ин самт муввафақ менамояд. Ӯ мегӯяд, доштани намуди зоҳирии зебо, боиси ҷалби таваҷҷӯҳи атрофиён ва афзудани эҳтироми онҳо ба шахс мегардад.

Вай мегӯяд, «машқи бодибилдинг ба ман хеле писанд аст. Барои саломатӣ, намуди зебои зоҳирӣ ва нерӯмандӣ машқ мекунам. Вақте одам машқ мекунад, ба майнушӣ, нашъамандӣ ва корҳои бад даст намезанад. Ҳамчунин шуморо эҳтиром мекунанд».

Парвиз ва Фирӯз мегӯянд, онҳое, ки бадансозӣ мекунанд, аз назари маънавӣ ҳам рушдкарда ҳастанд. Чун дар марказҳои варзишии муосир, ки ҳаққи вурудаш на ба ҳама дастрас аст, одатан кормандони созмонҳои хориҷӣ, донишҷӯёну соҳибкорон умуман онҳое, ки зиндагии нисбатан осуда доранд, машқ мекунанд.

Дар ин замина Фирӯз Ҳайдаров, корманди барномаи рушди СММ, ки беш аз 4 сол бе танаффус машқи бадан мекунад, гуфт, рӯзҳои тӯлонии корӣ шахсро аз назари ҷисмонӣ камқувват ва афсурда месозад. Аммо бо тамрин дар фитнес-клуб одамон метавонанд, ин нобаробариро ҷуброн созанд.

Мавриди зикр аст, ки федератсияи бадансозӣ дар Тоҷикистон навтаъсис буда, феълан рӯ ба инкишоф аст. Ба гуфти тренерони бадансоз, феълан дар пойтахт фитнес-клубҳо дар алоҳидагӣ амал карда, мактаби касбии бадансозӣ таъсис наёфтааст. Аммо дар ҳамин ҳол Фирӯз Ҳайдаров меафзояд, фаъолияти ин марказҳо ҳам маъмулан на ба ҳама дастрас аст, чун ағлаби ҷавонони камбизоати тоҷик имкони пардохти ҳаққи машқ дар толорҳои мазкурро надоранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG