Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Русия пушти мизи музокирот хоҳанд нишаст


Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, музокирот бо Амрикоро бар сари тарҳи паймони нави коҳиши таслиҳот рӯзи 9 ноябр аз сар хоҳад гирифт. Ин паймон ҷойгузини қарордоде хоҳад шуд, ки Маскаву Вошингтон соли 1991 имзо кардаанд ва замони эътибораш дар таърихи 5 декабр ба поён мерасад.
Тавофуқ дар мавриди таҳияи паймони ҷадид дар моҳи июл миёни руасои ҷумҳуриҳои Русияву Амрико Дмитрий Медведев ва Барак Обама ҳосил шуда буд.
XS
SM
MD
LG