Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмма дар Тоҷикистон чиҳо дид?


Ман мехоҳам ба хонандаҳои сайти интернетии Озодӣ дар бораи як намоишгоҳ ва шиносоиам бо духтари ҷаҳонгарди бритониёӣ нақл кунам, ки дар назари ман хеле шавқовар намуд.

Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев (Лондон)

(Шакли тасвирии ин нома дар гӯшаи рости ин сафҳа ҷой дода шудааст.)


Эмма Вайтҳед як духтари 21-солаи англис аст, ки ихтисоси ҳунару фарҳангшиносӣ дошта ҳамеша орзу доштааст аз яке аз кишварҳои дурдаст ва барои мардуми Бритониё камошное дидан карда таассуроташро аз сафар бо ҳарфу аксу навори хуб бозгӯ кунад. Вай моҳи сентябри имсол бо кӯмаки молии донишгоҳе, ки дар он таҳсил кардааст, яъне донишгоҳи Уорики Лондон (University of Warwick of UK) шонси анҷоми як сафари ошноиро ба Тоҷикистон ба даст меорад.

Роҳи ӯ ба Тоҷикистон бояд пурра тавассути мошин сурат мегирифт ва ӯ бо ин ҳадаф аз Лондон ба роҳ баромада аввал ба Руминияву

Украина, баъд Русия ва Ӯзбакистон мерасад. Вале дар Ӯзбакистон, мегӯяд ӯ мариз шуда маҷбур мешавад ба Лондон баргардад ва баъд бо роҳи ҳавоӣ ба Душанбе дубора биравад.

Вай дар Тоҷикистон дар муддати ду ҳафта дар назди созмони маърифатии Свордтеппаи (SWORDTEPPA) Қӯрғонтеппа ва дар назди як хонаводаи олмоние дар Душанбе истода бо вижагиҳои зиндагии мардуми тоҷик, расму оин, анъанаву суннатҳо, дастурхону ғизоҳои ин мардум, сару либос ва ҳамчунин бо мавқеи иҷтимоиву сиёсии онҳо, назари онҳо ба рӯйдодҳои байналмилаливу дохилӣ шинос мешавад.
Вай дар ин сафар аз Ҳисору Роғун ва обанбори нирӯгоҳи барқи обии он, манзараҳои Варзоб ва кӯҳҳои баландкӯҳи он дидан мекунад.
Дар бораи боздидаш аз Тоҷикистон Эмма дар як мукотибаи онлайн ба ман муфассал нақл кард ва ман мехоҳам хулосаи андешаҳои ин духтарро аз сафар ба ватани худ ба шумо ҳам бигӯям.

Дар як ҷои номааш ӯ навиштааст: “Қӯрғонтеппа аз Душанбе комилан фарқ мекарду хеле гарм буд. Дар хиёбонҳои ин шаҳр дар назди хонаҳои худ кӯдакони зиёд бозӣ мекарданду синни аксари онҳо мактабӣ буд ва намедонам чаро онҳо дар соатҳои дарсӣ таҳсил намекарданд?”

Дар идомаи номааш Эмма мегӯяд, ки мардуми тоҷикро хеле бофарҳангу огоҳ дарёфтааст, аксари онҳое, ки ҳамроҳаш сӯҳбат мекарданд, забони англисиро медонистанд ва ба ин забон дар бораи вижагиҳои таърихиву суннатии фарҳанги худ маълумот дода метавонистанд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд сафараш бар ивази 5-6 ҳафта камтар давом кардааст, вале, мегӯяд, барои ташкили як намоишгоҳи хуби акс аз Тоҷикистон маълумоти кофӣ ҷамъоварӣ карда тавонист.

“Орзу дорам Помир ва қисматҳои шимолии Тоҷикистонро низ дар ду соли оянда бубинам”, – навишт Эмма ба ман.

Чизе, ки ҷаҳонгарди ҷавондухтари бритониёиро тасхир кардааст, ин сару либоси пурнақшу нигор ва ранг ба ранги тоҷикҳо будааст, ки дар боғи Рӯдакиву рӯзи таҷлили Иди истиқлолият ба чашмаш афтодааст. “Мардуми Бритониё кам андар кам дар як ҷашни расмӣ либос нав мекунанд. Онҳо одат доранд, ки ба ифтихори ягон маросими корӣ, иди хусусии мисли арӯсиву ҷашне куртаи нав ба бар кунанд”, - менависад Эмма дар идома.

“Ман ошро хеле дӯст доштам ва акнун ин хӯроки дӯстдоштатарини ман аст. Аз ҳамин хотир ман ба тамошобинони намоишгоҳи аксҳои худ дар Лондон ҳам ош пухтам”, – гуфт ин духтари англис.

Дар номаи худ Эмма мегӯяд, чизе, ки дар Тоҷикистон хушаш наомада ва ё нороҳаташ карда бошад, хеле ночиз ва кам буд. Тибқи мушоҳидаҳои ӯ “тафовути миёни зиндагии мақомоти баландпоя ва мардуми оддӣ хеле зиёд буда аксар мансабдорон бо навтарин мошинҳо рафту омад мекунанд, дар ҳоле, ки мардуми оддӣ мошинҳои фарсудаву арзон доштаанд”.

Муносибат нисбати баъзе занҳову духтарҳо, ки маҷбуранд тамоми рӯз бо кори хона машғул шаванд, ӯро хеле шигифтзада кардааст.
“Онҳо чизи бештаре ба ҷуз имкони таҳсил надоранд: аксар духтарону занони тоҷик барои дастёбӣ ба чизҳои аз ин баландтар ва таъини сарнавишти худ ташвиқ намешаванд”.

Ӯ бо дарду таассуф аз қиссаи духтаре дар Қӯрғонтеппа ёдовар шуд, ки бо талоши худ аз чандин имтиҳонҳои сахт гузашта барои таҳсил дар Амрико бо дониши худ роҳхат гирифтааст, вале волидон монеи таҳсили ӯ дар хориҷа шудаанд.

Ӯ дар номааш мегӯяд, “дарк мекунам, ки ҷавонҳои зиёд дар ин кишвар мисли волидонашон бештар ба зиндагии суннатӣ тарҷеҳ

медиҳанд” ва “вазъи духтарҳо дар Тоҷикистон назар ба Ӯзбакистон аз ин назар сахттар аст”. Вале, мегӯяд ӯ, “ба назари ман шармовар аст, ки суннатҳову имкониятҳои замонавии пешрафти инсон дар ихтилоф бо ҳам қарор дошта бошанду мардум имкон надоранд, ки хостҳои худро ба хотири дастёбӣ ба қуллаҳои баландтар амалӣ созанд”.

Таассуроти Эмма Вайтҳед аз сафар ба Тоҷикистон хеле ҳаррангаву ғанӣ аст. Вале маҳсули ин таассуроташро ӯ дар як намоишгоҳи хубе дар донишгоҳи худ дар Лондон ба маърази тамошо гузошт ва яке аз аввалинҳо будам, ки дар рӯзи кушоиши ин намоишгоҳи акс иштирок кардам.

Худи Эмма ҳамаро бо оши дастпухти худ зиёфат мекарду тарзи таҳияи ин хӯроки хуби тоҷикиро ба меҳмонҳои дигар шарҳ медод. Ҳамон рӯз, аз рӯи мушоҳидаҳои ман, бисёриҳо калимаҳои тоҷикии “ош”, “Душанбе”, “Ҳисор” ва “Роғун”-ро аз забони Эмма ёд гирифтанд.

Дар рӯзи аввали ин намоишгоҳ ҳудудан 50 нафар, аз ҷумла ҷавонони тоҷики муқими Лондон тавонистанд аксҳои Эммаро тамошо кунанд.

Ҳамон рӯз ман ба хулосае омадам, ки хуб мешуд ингуна сафарҳои фарҳангии хориҷиҳо ба Тоҷикистон зиёд мешуд, чунки шинохти кишвари дурдасти ман ҳам дар чашми ғарбиҳову аврупоиҳо бештар ва ғанитар мегашт.

XS
SM
MD
LG