Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ ба Осетияи ҷанубӣ меравад


Валтер Каелин, намояндаи дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи беҷошудагони дохилӣ, рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафтаи равон аз Тсхинвалӣ, маркази вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубии Гурҷистон боздид хоҳад кард.
Интизор меравад, ӯ бо мардуме, ки бар асари ҷанги соли гузаштаи Гурҷистону Русия бар сари Осетияи ҷанубӣ беҷо шудаанд, мулоқот кунад. Билофосила баъди он низоъи низомӣ, идораи паноҳандагони СММ гуфта буд, дар маҷмӯъ дар ин минтақа ҳудуди 158 000 нафар тарки макон кардаанд.
XS
SM
MD
LG