Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоҳи посдорони инқилоб мухолифинро ҳушдор дод


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мухолифинро аз истифодаи раҳпаймоиҳои зиддиамрикоии ҳафтаи ҷорӣ ба манзури тадвири эътирозҳои ҷадид ҳушдор дод. Сипоҳ гуфтааст, ба ягон гурӯҳ иҷозат нахоҳад дод, бо истифодаи шиорҳои қалбакӣ раҳпаймоии рӯзи чоршанберо, ки ба хотири солгарди 30-юми гаравгонгирии сафорати Амрико дар Теҳрон баргузор мешавад, ба масири ғайр баргардонад.
Раҳпаймоиҳои зиддиғарбӣ одатан дар назди сохтмони собиқи сафорати Амрико дар Теҳрон доир мешаванд. Соли 1979 як гурӯҳи донишҷӯёни тундрав 52 амрикоиро дар бинои сафорат гаравгон гирифта буд.
Тарафдорони Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, ки пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июнро ба чолиш мекашанд, эълон карда буданд, ки рӯзи чоршанбе раҳпаймоиҳо барпо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG