Пайвандҳои дастрасӣ

Бахши суғдии ҲНИТ бо пахши як баёния робитаи аъзои худ дар ҳодисаҳои ахири Исфараро рад карда, иддаои мақомоти вилоятро беасос номидааст.

Дар рӯзи 18–уми октябр чаҳор сокини Исфара - Абдуфаттоҳ Қайюмов, Маъруфхоҷа Баҳоваддинов, Зикридин Турсунов ва Ҳусенбой Ёдгоров, ки дар як манзил паноҳ бурда бо нерӯҳои давлатӣ вориди даргирӣ шуданд ва ба ҳалокат расиданд. Як сокини дигари ин ноҳия дар натиҷаи ин амалиёт боздошт гардид.

Наимҷон Cамеев, сардори бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд, аз ин ҳодиса дар Исфара изҳори таассуф кард ва гуфт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамеша дар роҳи суботу истиқрори сулҳ дар кишвар талош дорад.

Оқои Самеев афзуд, «раёсати ҲНИТ дар вилояти Суғд чун яке аз ҷонибҳои сулҳовар ба пойдории сулҳу ваҳдат ва ободии диёр эҳтироми хоссаро қоил аст ва аз рух додани ҳодисаҳои ахир дар ноҳияи Исфара изҳори нигаронӣ намуда, ҳаргуна амалиётҳои хушунатомезро маҳкум менамояд».

Дар ҳамин ҳол идораи умури дохилии Суғд аз тафсили бештари гурӯҳҳои гумонбар, ки дар задухурдҳои Исфара муттаҳам шуморида шудаанд, изҳори бехабарӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки шахсияти афроди ҷиноятпеша аз сӯи бахши мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил дар Суғд маълум хоҳад шуд.

Наимҷон Cамеев, сардори бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд, мегӯяд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ҳамкорӣ надорад ва беҳтар аст, мақомоти қудратӣ дар фош намудани чунин ҳодисаҳо ҷиддӣ муносибат кунанд ва талош кунанд, ки шахсияти афроди дастандаркор ва фармоишгарони ин амалҳоро ошкор созанд.

Бархе аз тарҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки заъфи кормандони амният ва умури дохила дар фош кардани ин ҳодисаҳо метавонад боиси такрори чунин амалҳо гардад, ки пеш аз ҳама мардуми бегуноҳ зарар мебинад.

Бино ба иттилои мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон, аз моҳи августи соли гузашта то имрӯз дар Исфара шаш ҳодисаи сӯиқасд бар ҷони кормандони милиса сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи яке аз ин ҳамлаҳо Саидумар Саидов, корманди бахши тафтишотии шаҳри Исфара, кушта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG