Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Конигуррам даст ёфтани артиши Покистон


Артиши Покистон мегӯяд, Конигуррам, яке аз бузургтарин шаҳрҳои устони Вазиристони ҷанубӣ ва дар гузашта маркази калидии амалиётҳои Толибонро таҳти назорати пурраи худ даровардааст. Сухангӯи артиш генерал Атҳар Аббос дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, “минтақаи Конигуррам аз ҳузури террористон комилан пок карда шуд.”
Конигуррам яке аз пойгоҳҳои ҷангиёни дар Покистон паноҳбурдаи Ҳаракати исломии Узбакистон низ дониста мешуд ва генерал Атҳар Аббос қаблан гуфта буд, ки дар ин минтақа то 1000 ҷангии узбак паноҳ бурдаанд.
Нирӯҳои Покистон рӯзи 17 октябр амалиёти густарда алайҳи ҷангиёни толибро дар Вазиристони ҷанубӣ оғоз карданд.
XS
SM
MD
LG