Пайвандҳои дастрасӣ

Караҷич ба мурофиа ҳозир хоҳад шуд


Мушовирони ҳуқуқии Радован Караҷич мегӯянд, раҳбари собиқи сербҳои Буснӣ, ки то кунун мурофиаи парвандааш дар Додгоҳи Ҳейгро таҳрим мекард, рӯзи сешанбе ба мурофиа ҳозир хоҳад шуд. Караҷич то ҳол мегцфт, ки барои омода кардани хатти дифоъияш ба фурсати зиёдтар зарурат дорад.
Додгоҳ Караҷичро ба 11 ҷиноят, аз ҷумла наслкушӣ, ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Буснӣ дар солҳои навадум муттаҳам мекунад. Ӯ ин иттиҳомотро радд мекунад. Радован Караҷич баъд аз 13 соли дар ҳоли фирор ба сар бурданаш соли гузашта дар Белград боздошт ва ба додгоҳи Ҳейг супурда шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG