Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай барандаи интихобот эълон шуд


Куммиссиюни интихоботи Афғонистон даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро, ки мебоист рӯзи 7 ноябр баргузор шавад, лағв ва раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзайро барандаи интихобот эълон кард. Дирӯз Абдулллоҳи Абдуллоҳ, танҳо рақиби Ҳомиди Карзай дар даври дуввум эълон кард, ки азбаскӣ талабҳои ба хотири тазмини як интихоботи одилона ва шаффоф пешгузоштаи ӯ иҷро нашуданд, номзадиашро пас мегирад. Даври дуввум дар пайи дар интихоботи рӯзи 20 август ошкор шудани мавориди фаровони умдатан ба фоидаи Карзай тақаллуб шудани оро эълон шуд. Субҳи имрӯз дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун, ки ба хотири музокирот бо Карзай ва Абдуллоҳ вориди Кобул шуд, гуфт, ки СММ ҳар тасмимеро, ки куммиссиюни интихоботи Афғонистон хоҳад гирифт, пуштибонӣ ва эҳтиром хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG