Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави афв тасвиб шуд


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз қонуни нави афвро тасвиб кард.
Намояндаи раисиҷумҳур дар парлумон Шерхон Салимзода зимни муаррифии тарҳи қонун гуфт, ки афви навбатӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 10 000 нафарро фаро хоҳад гирифт, аз ҷумла наздики 4 000 нафареро, ки ба саркашӣ аз адои хидмат дар суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Тибқи қонуни нави афв, ки ба шарафи солгарди 15-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон ва соли Имоми Аъзам таҳия шудааст, занону ноболиғон, мардони беш аз 55-сола, маҳбусони маълул ва маризи сил, собиқадорони ҷанг ва атбоъи хориҷӣ аз зиндонҳо раҳо хоҳанд шуд. Аммо онҳое, ки ҳукми зиндони умрбод доранд, чанд бор маҳкум шудаанд, ва ё алайҳи давлат ҷиноят кардаанд, мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт.
Як ҳадафи ин қонун аз теъдоди барзиёди маҳбусин тоза кардани зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи нозирони хориҷӣ, ба шуйюъи амрозе, чун бемории сил, ва ба камбуди ғизо барои маҳбусин рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG