Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Девид Милибанд аз Маскав


Вузарои хориҷаи Русияву Бритониё Сергей Лавров ва Девид Милибанд имрӯз дар Маскав роҳҳои беҳбуди равобити миёни ин ду кишварро баҳс карданд. Дар 5 соли охир Милибанд нахустин вазири хориҷии Бритониёст, ки аз Маскав дидан мекунад. Равобити Русияву Бритониё соли 2006 дар пайи қазияи заҳролудкунии афсари собиқи амниятии Русия Александр Литвиненко ба сардӣ гароид. Маскав аз истирдоди гумонбари аслӣ дар ин қазия Андрей Луговой даст кашид. Русия ба навбаи худ аз саркашии Лондон ба супурдани Борис Березовский ва чанд тани дигар хашмгин шуда буд.
Милибанд имрӯз гуфт, Русияву Бритониё бояд рӯи чолишҳои умумӣ муштаракан кор кунанд. Лавров гуфт, бо вуҷуди “масоили ҳаллношуда” равобити иқтисодии ду кишвар тақвият меёбад. Қарор аст, Девид Милибанд дар Маскав бо маҳофили тиҷоратӣ ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Русия низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG