Пайвандҳои дастрасӣ

Медалҳои паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Бишкек


Дар мусобиқаҳои байнулмилалии ҷоми раиси Федератсияи миллии дзюдои Қирғизистон паҳлавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияву Озарбойҷон ширкат карданд.

Рӯзи севвуми мусобиқа паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни 81 кило барои даст ёфтан ба қаҳрамони ин мусобиқа болои қолин баромад, вале аз паҳлавони қазоқ Ислом Бозбоев шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқраи ин мусобиқа гардид.

Комроншоҳи Устопириён то бозиҳои ниҳоии мусобиқа низ маҳорати хеле хуб нишон дод. Вай дар мусобиқаҳои ҳаштякфиналӣ, чорякфиналӣ ва нимфиналӣ дар тӯли дақиқаҳои кӯтоҳ бар ҳарифони худ бартарият пайдо кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Фаридун Умедов дар вазни 90 кило ба майдон баромад ва медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии ҷоми раиси федерасияи дзюдои Қирғизистонро ба даст овард. Дар ин вазн паҳлавони тоҷики ӯзбакистонӣ Ӯктам Раҷабов медали тиллои мусобиқаро соҳибӣ кард.

Фаридун Умедов ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз намуд, ки ҳафт паҳлавон аз Тоҷикистон дар ин мусобиҳақо ширкат карданд, вале панҷ нафари онҳо то бозиҳои нимниҳоӣ нарасиданд. Вай афзуд, ки зимни сабқат бо рақибонаш аз Ӯзбакистону Қирғизистон, бо мушкилӣ пирӯз шуд.

Паҳлавонони ин мусобиқат аз 19 то 23 сол доштанд. Ғайр аз Тоҷикистону Озарбойҷон аз панҷ кишвари дигар тимҳои духтарона низ дар ин мусобиқаҳои гуштии тарзи дзюдо ширкат варзиданд. Римма Бердигуловаи узбакистонӣ дар вазни 57 кило дар бозиҳои ниҳоӣ бар Елена Исоқоваи қирғизистонӣ пирӯз шуд ва дар ин вазн қаҳрамони мусобиқа гардид.

Дар вазни 70 кило бар Елена Проскуроваи қирғизистонӣ паҳлавондухтари қазоқ Албина Амонгелдиева ғолиб баромад ва медали тиллоро ба даст овард. Ду медали тиллои дигари мусобиқайи байни духтарҳоро Диля Қаҳҳорова ва Нагира Сарбашева аз тими Қирғизистон соҳиб шуданд.

Байни паҳлавонписарон дар вазни 60 кило Даврон Марозиқов, дар вазни 73 кило Рамазон Ҳило, дар вазни 100 кило Юрий Кроковес, ҳама аз тими Қирғизистон, ғолиби мусобиқа шуданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG