Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дастикам 30 нафар дар таркиши Равилпиндӣ


Пулиси Покистон мегӯяд, имрӯз бар асари таркиши бомб дар Равилпиндӣ, мақари асосии нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, дастикам 30 нафар кушта шуданд. Пулис мегӯяд, маргталаби савори мотосикл худро дар як минтақаи пуриздиҳом дар наздикии як бонку як меҳмонсаро ва начандон дур аз қароргоҳи артиши Покистон мунфаҷир кард.
Тайи ҳафтаҳои ахир бар асари силсилаи ҳамалоти ҷангиён дар Покистон беш аз 250 нафар кушта шуданд.
СММ эълон кард, ки барномаҳои дарозмуддаташ дар ду минтақаи шимолуғарбии Покистонро қатъ карда, кормандони хориҷиашро аз устони Шимолуғарб берун мекашад.
Мақомоти Покистон бо ин ҳол, барои маълумоте, ки боздошт ваё ҳалокати раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ва 18 ҷангии дигарро муяссар гардонад, 5 миллион доллар ҷоиза таъйин кардаанд.
XS
SM
MD
LG