Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як "Боинг" дар парки ҳавопаймоҳои "ТоҷикЭйр"


Парки ҳавопаймоҳои ширкати “ТоҷикЭйр” боз бо як ҳавопаймои дигари навъи “Боинг-737” такмил шуд. Ин ҳавопаймо тавони бурдани то 124 мусофирро дошта, масъулини “ТоҷикЭйр” мегӯянд, ки “Боинг” барои парвозҳо дар шароити Тоҷикистони баландкӯҳ муносибтарин ҳавопаймо дониста шудааст.
Ин аст, ки ширкати “ТоҷикЭйр” аз соли 2007 ба истифодаи ин навъи ҳавопаймоҳо тамаркуз карда, тайи танҳо як моҳи охир аз тариқи лизинг ду ҳавопаймои “Боинг” харидорӣ кардааст.
Ин ширкат дар садади тавассути лизинг харидани боз як ҳавопаймои “Боинг-757” будааст, ки то 216 мусофир мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG