Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Назаров: "Одамони Маҳмуд дар ал-Қоида..."


Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, шуморе аз аъзои гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев ба созмонҳои террористии ал-Қоида ва ҲИУ пайвастаанд.

Дар шаҳри Душанбе форуми минтақаие барои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои Осиёи марказӣ оғоз ба кор кардааст.

Ҳадаф аз ин нишаст, ки бо ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор мешавад, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории бештар дар амри мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта унвон шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла иддао доранд, ки бархе кишварҳои ҳамсоя дар амри боздошт ва таҳвил додани мутаҳҳамон дар амалҳои терористӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ накардаанд, балки қаламрави худро ба паноҳгоҳи ин гурӯҳҳо табдил караанд.

Шикоят аз ҳамкориҳои нокофии кишварҳои минтақа

Вазири умури дохили Тоҷикистон, ки аз минбари нишасти байнулмилалии амниятӣ сӯҳбат мекард, сатҳи кунунии ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятии кишварҳои минтақаро нокофӣ ва ниёзманд ба беҳбуд хонд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, бархе афроде, ки Тоҷикистон онҳоро ба иттиҳоми ҷиноят алайҳи низоми давлатӣ таъқиб мекунад, дар кишварҳои ҳамсоя ба сар меберанд
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, масъалаи ҷустуҷӯ, боздошт ва муҷозоти афроди муттаҳам дар амалҳои терористӣ аз масъалаҳоест, ки бояд таваҷҷуҳи бештаре ба он ҷалб шавад. Генерал Қаҳҳоров афзуд, аммо бархе кишварҳои минтақа ҳамчунон ба паноҳгоҳи афроде табдил шудаанд, ки дар Тоҷикистон ба амалҳои терористӣ муттаҳам мебошанд.

Оғои Қаҳҳоров мегӯяд, «бар асоси маълумоти фаврӣ ва ҷустуҷӯие, ки дар ихтиёр дорем, бархе афроде, ки мо онҳоро ба иттиҳоми ҷиноят алайҳи низоми давлатӣ таъқиб мекунем, дар қаламрави кишварҳои ҳамсояамон ба сар мебаранд. Аз ин хотир мо бояд ҳамагӣ таъйид кунем, ки паноҳ додан ба касоне, ки дар ҷинояткорӣ ва террористӣ муттаҳам шудаанд, як амри муҷоз намебошад. Ва ҳамчунин бояд қатъномаи Шӯрои амнияти СММ таҳти шумораи 1372 риоя шавад, ки усули он даъват аз ҳамаи кишварҳо барои паноҳгоҳ надодан ба террористон аст».

Бо таваҷҷӯҳ ба ин генерал Қаҳҳоров гуфт, зарурати таҷдид, такмил ва бозсозии заминаи ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятӣ миёни ниҳодҳои марбутаи минтақа вобаста ба шароити замони муосир ба миён омадааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни суханони худ, аз кишвари хосе, ки ба террористон ва ҷинояткорон пангоҳ дода бошад ва ё аз муттаҳаме, ки мавриди пайгарди мақомоти Тоҷикистон бошад ном набурд. Аммо ин суханони ӯ билфосила зеҳнҳоро ба ёди кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Маҳмуд Худойбердиев - поковники шӯришгари артиши Тоҷикистон бурд, ки соли 1997 баъди як балвои ноком ба Узбакистон паноҳ бурд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни суханони худ, аз кишвари хосе, ки ба терористон ва ҷинояткорон паноҳ дода бошад ва ё аз муттаҳаме, ки мавриди пайгарди мақомоти Тоҷикистон бошад ном набурд. Аммо ин суханони ӯ билфосила зеҳнҳоро ба ёди кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Маҳмуд Худойбердиев, поковники шӯришгари артиши Тоҷикистон бурд, ки соли 1997 баъди як балвои ноком ба Узбакистон паноҳ бурд.

"Маҳмуд Худойбердиев барои Тоҷикистон хатар надорад"

Шояд ба ин далел буд, ки аввалин пурсиши хабарнигорон баъди анҷоми ин суханоронӣ зимни рӯбарӯ шудан ба муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ин буд, ки оё Маҳмуд Худойбердиев зиндааст ва хатаре барои Тоҷикистон дорад?

Генерал Назаров гуфт, «Худойбердиев ва гурӯҳҳое, ки замоне Тоҷикистонро тарк карда буданд, хатари мустақим надоранд, балки мехоҳанд албатта аз худ гоҳе дарак диҳанд ва худашонро матраҳ ё реклама кунанд. Вале нигаронӣ аз ҷои дигар ношӣ мешавад, охирин маълумотҳое, ки ҳосил шудааст, ҳокӣ аз робита барқарор кардани ин гурӯҳҳое, ки шумо ном бурдед, аз Худойбердиев бо ал-Қоида ва ҲИУ аст. Онҳо вақте ҷои пойи худро тангтар мебинанд, ба Афғонистон рӯ меоранд, роҳи ҳамроҳшавӣ бо ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистонро ҷустуҷӯ мекунанд. Аммо зиндаву мурдаи худи Худойбердиев аҳамияте надорад».

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Довуд, муовини вазири умури дохилаи Афғонистон, низ талошҳо ва ҳамоҳангии ниҳодҳои кишварҳои минтақаро дар амри мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир нокифоя хонд ва гуфт, агар ҳамоҳангии бештаре дар ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои ҳамося сурат нагирад, метавонем интизори бадтар шудани авзои амнитӣ ва интизомӣ ва густариши маводи мухаддир низ бошем.

Нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон, ки бо ҳамдастии Пулиси ҷиноии Олмон баргузор мешавад, баъди оғози расмӣ дар чанд сексия ё гурӯҳ ба баррасии ҷузъиёти масъалаи амният ва ҷинояткорӣ ва ҷусуҷӯи роҳҳои ҳамкорӣ, пушти дарҳои баста идом кард.

Ин нишаст ҳамчунин фардо сешанбе низ ба кори худ идома хоҳад дод, аммо боз ҳам пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати хабарнигорон. Намояндагони Узбакистон ҳам, ки мисли ҳамеша аз гуфтани посух ба масъалаҳои матраҳ худдорӣ кардаанд, шояд пушти дарҳои баста ба оҳанги нигаронии мақомоти Тоҷикистон посух бигӯянд.
XS
SM
MD
LG