Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко хостори ёрӣ алайҳи "зукоми хук" шуд


Раисҷумҳури Украина Виктор Юшенко аз як қатор давлатҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ хостори кӯмак дар рафъи паёмадҳои густариши марзии "зукоми хук" дар кишвар шуд.

Дар изҳороти раисҷумҳур гуфта шудааст, ки "вазъи ба вуқӯъпайваста ба амнияти миллии Украина таҳдид мекунад".

Тибқи хабарҳо, номаи Юшенко унвонии сарони Русия, Иёлоти Муттаҳида, Лаҳистон, Руминия ва ҳамчунин ба раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва НАТО фиристода шудааст.

Дар Украина 180 ҳазор нафар ба маризии зукоми хук мубтало шуданд ва 53 нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Рӯзи якшанбе Русия назорати беҳдоштӣ дар марз бо Украинаро таҳким бахшид.

Барои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ давлати Укроин мактабҳову кинотеатрҳоро бастааст ва баргузории ҳар гуна консертро мамнӯъ эълон кардааст.

Юшенко гуфтааст, ин беморӣ дар минтақаи ғарбии ин кишвар оғоз шуда, густариши он ҳоло ба сӯи марказ мушоҳида мешавад.

Шӯрои амнияти миллии Украина як барномаи 55 миллион доллариро барои пешгирӣ ва зери контрол даровардани ин беморӣ ба тасвиб расондааст.
XS
SM
MD
LG