Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз оламиён бо илтиҳоби шуш дар набард хоҳанд буд


Созмони Милали Муттаҳид 2 ноябрро Рӯзи мубориза бо пневмония ё илтиҳоби шуш эълон кардааст ва чорабиниҳои он барои нахустин бор доир мешаванд. ЮНИСЕФ – Бунёди атфоли СММ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт маъракаи ҷамъ овардани 40 миллион долларро шурӯъ карданд, ки қарор аст барои табобати кудакони мубталои ин маризӣ дар даҳҳо кишварҳои Осиё ва Африқо сарф шавад. Коршиносон илтиҳоби шушро “қотили асосӣ” барои кудакони синнашон то 5-сола меноманд. Ба иттилоъи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола аз ин маризӣ беш аз 2 миллион нафар оламро тарк мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG