Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэвид Милибанд ба Маскав омад


Вазири умури хориҷаи Бритониё Дэвид Милибанд рӯзи якшанбе вориди шаҳри Маскав шуд ва бо ҳамтои русаш Сергей Лавров музокирот анҷом дод. Имрӯз гуфтушуниди вазирони хориҷаи Русия ва Бритониё идома хоҳад кард.
Ин нахустин сафари сарвари идораи сиёсати берунаи Бритониё ба Русия дар чанд соли ахир аст. Равобити миёни ду кишвар соли 2006-ум, баъд аз куштори шаҳрванди Бритониё ва корманди собиқи хадамоти вижаи Русия Александр Литвиненко дар Лондон, ба сардӣ гароид. Мақомоти Бритониё дар ин куштор Андрей Луговойро гумонбар мехонанд ва аммо Маскав талаби Лондон барои истирдод Луговой ба Бритониёро рад кард.
XS
SM
MD
LG