Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довуд Алӣ Наҷаф: Интихобот баргузор хоҳад шуд!


Раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон изҳор намуд, ки бо вуҷуди аз ширкат дар сабқат сарпечӣ кардани яке аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур, рӯзи 7 ноябр даври дуввуми интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Баъд аз тасмими доктор Абдулло Абдулло, собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон барои сарпечӣ аз ширкат дар идомаи сабқат Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури феълӣ, ягона довталаби курсии сарвари кишвар боқӣ мемонад. Довуд Алӣ Наҷаф, раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки Қонуни асосии кишвар баргузории даври дуввуми интихобот дар вазъи ба вуқӯъпайвастаро иҷоза медиҳад.
Доктор Абдулло дирӯз дар Кобул хуруҷи худ аз сабқат барои курсии раисиҷумҳури Афғонистонро эълон кард ва гуфт, ки аз нигоҳи ӯ, дар Афғонистон баргузории интихоботи озоду шаффоф ғайримумкин аст. Қаблан Абдулло Абдулло хостори табдили раиси Комиссиюни мустақили интихобот шуда буд ва аммо мақомот ин талаби ӯро рад карданд.
XS
SM
MD
LG