Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай тасмими Кумиссиюни интихоботиро мепазирад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, вай ҳар гуна тасмими Кумиссиюни интихоботии Афғонистонро дар мавриди даври дуввуми интихобот мепазирад. Ин интихобот 7-ӯми ноябр баргузор мешавад. Ҳомид Карзай ин суханонро дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши Афғонистони Озоди радиои Озодӣ изҳор дошт. Баъд аз чанд соати эълони тасмими Абдуло Абдулло-номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон дар бораи даст кашидан аз номзадиаш Ҳомид Карзай гуфт, вай тавзеҳоти бародар доктар Абдуллоро шунидааст ва вай хушҳол мешуд, агар Абдулло дар рақобатҳои интихоботӣ ширкат мекард. Оқои Карзай афзуд, чунин кор ба нафъи ҳамаи мо хоҳад буд. Абдулло Абдулло гуфт, вай барои он аз ширкат даст кашидааст, ки дархостҳои вай дар бораи баргузории интихоботи озоду одилона ва барканории раиси Кумиссиюни интихоботӣ пазируфта нашудааст. Ҳомид Карзай дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар ин авохир бо Абдуло Абдулло мулоқоти хусусӣ доштааст ва онҳо роҷеъ ба масоили мухталиф бо ҳам сӯҳбат кардаанд. Вай ба оқои Абдулло гуфтааст, ки раиси кусмиссиюн тибқи Қонуни Асосии Афғонистон аз мақом барканор мешавад. Карзай дар бораи ин мулоқот бештар аз ин тавзеҳот надод.
XS
SM
MD
LG