Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон ба Эрон ҳушдор дод


Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико аз Эрон дархост кардааст, ки пешниҳодро дар бораи раванди дубораи ғанисозии уран бипазирад. Вай ҳамчунин ба Эрон ҳушдор додааст, ки ҳавсалаи Амрико ва муттаҳидонаш аз интизорӣ ба тасмими Теҳрон маҳдуд шудааст. Тибқи нақшаи Амрико ва СММ Эрон урани хоми худро барои ғанисозии комил ба кишварҳои дигар, ба Русия ва Фаронса мефиристад, то он дар шакли сухти реактори ҳастаӣ ба Эрон базгардад. Кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Эрон ба баҳонаи ғанисозии уран дар корхонаҳои худ ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст меёбад.
XS
SM
MD
LG