Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон содироти орду гандум ба хориҷи кишварро комилан мамнӯъ эълон кардааст.

Бинои ба иттилои хабаргузории "Казах Зерно", дар бораи манъи содироти ғалла Вазорати кишоварзии Тоҷикистон изҳороте пахш кардааст. Дар робита бо ин масъала ба ниҳодҳои марзбониву гумруки кишвар дастур дода шудааст, ки аз қочоқи ин мавод пешгирӣ кунанд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки солона ниёзмандии Тоҷикистон ба орду гандум 1,3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. 50 дарсади он дар дохил таҳия мешавад ва боқимондаро Тоҷикистон аз берун ворид мекунад.

Вале сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар мавриди ин изҳорот изҳори беиттилоӣ кард.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар давоми як сол нархи орду гандум дар бозорҳои Тоҷикистон ду баробар боло рафтааст. Сабаби он боло рафтани нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, қочоқи ин мавод ва содироти ғайриқонунии орду гандум аз кишвар будааст.

Ҳадаф аз тасмими кунунии ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи бозорҳои дохилӣ арзёбӣ шудааст. Ахиран мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон карданд, ки имсол дар кишвар 1 миллиону 97 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки чунин ҳосил барои аввалин бор пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон будааст.

Бино ба маълумоти Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, Тоҷикистон дар феҳристи 22 кишваре ҷой гирифтааст, ки ба сабаби боло рафтани нархҳо ва камбуди ғизо ба онҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG