Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Ҳилларӣ Клинтон вориди Марокаш шуд


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико дар идомаи силсилабоздидҳояш аз минтақа имрӯз вориди Марокаш шуд, то дар чаҳорчӯбаи талошҳои дипломатӣ ба раванди муттаваққифшудаи сулҳи Ховари Миёна оғози дигар бахшад. Вай бо ҳамтоёни арабии худ мулоқотҳо ва дар "Нишасте барои Оянда" ширкат мекунад. Хонум Клинтон қабл аз вурудаш ба Маркаш бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин ва Бенямин Натаняҳу-нахуствазири Исроил музокира анҷом дод. Дар Маҷмаъ ё Нишасти рӯзи душанбе вазъи Ховари Миёна ва гуфтугӯи байни Ғарбу ҷаҳони ислом ду мавзӯи аслӣ ба шумор хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG