Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбонии зуком дар Украина ба 48 нафар расид


Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Украина навиштааст, шумораи ононе, ки дар Украиана аз бемории зукоми хук даргузаштаанд, ба 48 нафар расидааст. Украина барои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ рӯзи ҷумъа матабҳову кинотеатрҳоро баст ва баргузории ҳар гуна консертро мамнуъ эълон кард. Юшенко гуфтааст, шумораи гирифторони бемории зукоми хук дар Украина акнун ба 150 000 нафар расидааст. Ин беморӣ дар минтақаи Тернопол дар ғарби кишвар оғоз шудааст. Матбуоти Украина дар бораи камбуди шадиди доруҳои зидди ин беморӣ гузориш додааст. Субҳи имрӯз Васил Князевцев-вазири беҳдошти Украина ба матбуот гуфта буд, аз бемории зукоми хук дар Украина 34 нафар даргузаштаанд ва 80 000 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
XS
SM
MD
LG