Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Олмон ба раҳбарони даврони ҷанги сард


Имрӯз Ҳорст Коҳлер-раиси ҷумҳури Олмон ба раҳбарони даврони ҷанги сард изҳори сипос кард, ки 20 соли пеш ба ибтикори онҳо девори Берлин шикаста шуд. Коҳлер зимни суханоне дар Берлин гуфт, "ман ба шумо аз номи мардуми Олмон ва фикр мекунам, ки метавонам аз номи ҳамаи миллатҳои дигар изҳори сипос кунам". Раиси ҷумҳури Олмон хитоб ба Ҷорҷ Буши калонӣ-собиқ раиси ҷумҳури Амрико, Михоил Горбачёв-раҳбари Иттиҳодии Шуравии пешин ва Ҳелмут Кол-нахуствазири пешини Олмон ин суханонро ба забон овард. Онҳо дар робита бо оғози солгарди суқути девори Берлин дар 9-ӯми ноябр дар як силсила маросимҳо ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG