Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло тасмими худро якшанбе эълон мекунад


Ситоди интихоботии Абдуло Абдулло-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, оқои Абдулло дар робита бо мавзеъгирии худ дар қиболи даври дуввуми интихобти раёсати ҷумҳурии 7-ӯми ноябр рӯзи якшанбе сӯҳбат хоҳад кард. Дар ин бора Фозили Сангчоракӣ-сухангӯи ситоди оқои Абдулло ба радиои Озодӣ хабар дод. То ин вақт гузоришҳои таъйиднашудаи матбуоти Ғарб, ҳокӣ аз он буд, ки музокироти интихоботии Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло-ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба нокомӣ анҷомидааст. Дар ин гузоришҳо омада буд, оқои Абдулло барои байкот кардани даври дуввуми интихобот, омодагӣ мегирад. Дар ин бора яке аз хабарнигорони телевизиони CNN сӯҳбат кардааст ва хабаргузории Ассошиейтед Пресс иттилоъ мунташир сохтааст.
XS
SM
MD
LG